VoWiFi (Зангҳо тавассути Wi-Fi) — технологияест, ки имкон медиҳад тавассути шабакаи дастраси Wi-Fi бо истифода аз рақами маъмулии мобилии худ зангҳои одии овозӣ анҷом диҳед ва қабул намоед.
Барои анҷом додани зангҳо насби барномаҳои иловагӣ зарур нест — зангҳо тавассути интерфейси муқаррарии телефон анҷом дода мешаванд.
Хизматрасонӣ дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он дар сурати мавҷуд будани пайвастшавӣ ба Wi-Fi дастрас аст.
Нархгузорӣ тибқи нақшаи тарофавии Шумо амалӣ мегардад.
Афзалиятҳои VoWiFi
Зангҳо бо рақами маъмулӣ
Бо ҳифзи рақами мобилии худ ва тарзи маъмулии муошират тавассути Wi-Fi зангҳои овозӣ анҷом диҳед ва қабул намоед.
Муносиб барои истифода дар дохили биноҳо
VoWiFi-ро дар биноҳои корӣ бо сохтори мураккаб, ошёнаҳои таҳхонагӣ, биноҳои монолитӣ, таваққуфгоҳҳо ва дигар ҷойҳое истифода баред, ки дар онҳо шабакаи устувори Wi-Fi дастрас аст.
HD Voice
Аз сифати баланд ва возеҳи интиқоли овоз ҳангоми суҳбат баҳра баред.
Алоқа ҳангоми сафар
Ҳангоми сафар берун аз Тоҷикистон тавассути шабакаи дастраси Wi-Fi аз VoWiFi истифода баред.
Арзиши хизматрасонӣ
VoWiFi-ро чӣ гуна пайваст кардан мумкин аст?
- Боварӣ ҳосил намоед, ки смартфони шумо VoWiFi-ро дастгирӣ мекунад.
- Барои пайваст намудани хизматрасонӣ ба рақами кӯтоҳи 2012 занг занед.
- Пас аз пайвастшавӣ, мувофиқи дастурамал VoWiFi-ро дар смартфони худ танзим намоед.
Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: 918 61-61-61 занг занед.
Бозпас ба рӯйхат


