Муштариёни муҳтарам!
Бо камоли хушнудӣ ҳамкории байни ҶСП «Вавилон-Мобайл» ва ПАО «ВТБ»-и Федератсияи Россияро ба маълумоти Шумо мерасонем!
Минбаъд Шумо метавонед тавозуни (баланси) муштариёни «Вавилон-Мобайл»-ро тавассути замимаи мобилии «ВТБ Онлайн» бо комиссияи 0% пур кунед! Тавозунро пур намоед ва новобаста аз масофа, аз муошират бо пайвандону наздикони худ лаззат баред! Ҳамеша бо ҳам дар алоқа бимонед, мо бошад, дар ин кор ба Шумо кӯмак мерасонем!
Барои пардохт танҳо лозим аст, ки замимаи «ВТБ Онлайн»-ро боргирӣ ва насб намуда, қадамҳои зеринро иҷро кунед:
- Замимаро фаъол созед

- Ба бахши «Пардохтҳо» («Платежи») ворид шавед
- Дар сатри ҷустуҷӯ «Вавилон-Мобайл»-ро нависед

- Рақами телефон ва маблағи зарурии пардохтро ворид намоед

- Тугмаи «Идома додан» («Продолжить»)-ро пахш кунед

- Пардохти худро бо тугмаи «Пардохт кардан» («Оплатить») тасдиқ намоед

Инчунин, тавозуни муштариёни ширкати «Вавилон-Мобайл»-ро метавон тавассути офисҳои расмии хизматрасонӣ ва шабакаи банкоматҳову терминалҳои ПАО «ВТБ»-и Федератсияи Россия пур кард.
Комиссия – 0%.
Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: 918 61-61-61 занг занед.
Бозпас ба рӯйхат


