Викторинаи «Зарбулмасалро омода намоед» аз КП «Нумонзода»

Хирад ва дониши худро бо викторинаи нави «Зарбулмасалро омода намоед» санҷед!

Тартиби калимаҳоро дар зарбулмасалҳои машҳур барқарор кунед, холҳо ҷамъ оред ва ҳар моҳ соҳиби ҷоизаҳои пулӣ шавед.

Тарзи кор:

  • Ҳар рӯз ба Шумо аз рақами кӯтоҳи 3020 тариқи SMS 3 зарбулмасал бо тартиби омехтаи калимаҳо фиристода мешавад.
  • Вазифаи Шумо — барқарор кардани тартиби дурусти калимаҳо ва фиристодани ҷавоби дуруст аст. Ҷавобро бояд бе аломатҳои китобатӣ (пунктуатсия) навишта, калимаҳоро бо фосила ҷудо намоед.
  • Ҳангоми ташаккули рейтинг на танҳо дурустӣ, балки суръати ҷавоб низ ба назар гирифта мешавад.
  • Барои ҳар як ҷавоби дуруст 1 хол дода мешавад.

Фонди ҷоизавӣ:

Натиҷаҳо ҳар моҳ (пас аз анҷоми Давра) ҷамъбаст карда мешаванд. Ҷоизаҳоро иштирокчиёне мегиранд, ки миқдори бештари холҳоро ба даст овардаанд:

  • Ҷойи 1-ум: 500 сомонӣ
  • Ҷойи 2-юм: 300 сомонӣ
  • Ҷойи 3-юм: 200 сомонӣ

Шартҳои иштирок:

  • Барои иштирок дар викторина обуна шудан лозим аст, барои ин дархости USSD-ро ба рақами *3020# фиристед.
  • Пардохти ҳаррӯзаи обуна бо назардошти ҳамаи андозҳо 1 TJS-ро ташкил медиҳад.
  • Иловатан метавонед бастаи иборат аз 3 зарбулмасалро бо нархи 1 TJS харидорӣ намоед.

Идоракунии хизматрасонӣ:

Амал Фармони USSD Фармони SMS Рақами кӯтоҳ
Пайвастшавӣ *3020# V1 3020
Хариди бастаи иловагӣ аз 2 зарбулмасал бо 1 сомонӣ *3020*2# V2
Қатъ кардани обуна *3020*00# V0
Санҷиши шумораи холҳои бадастомада *3020*3# V3
Дидани рейтинги (ТОП) иштирокчиён *3020*4# V4

Тарзи қатъ кардан:

Агар Шумо дигар хоҳиши иштирок дар викторинаро надошта бошед, танҳо дархости USSD-и *3020*00#-ро барои ғайрифаъол кардани обуна фиристед.

МУҲИМ: Бо фиристодани дархост ба рақами *3020# барои фаъолсозии обуна ба хизматрасонии «Зарбулмасалро омода намоед», Муштарӣ тасдиқ мекунад, ки ба синни 18 расидааст ва бо шартҳои иштирок дар Викторина, ки дар сомонаи Оператор ва Низомномаи хизматрасонӣ дарҷ шудаанд, розӣ мебошад.


Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: ‎‎918 61-61-61 занг занед.

Бозпас ба рӯйхат