Барои қабули смс дар ҳолати «Offline» дар «М-Агенте» рақами мобилии худро ба аккаунт ворид намудан зарур аст. Ба «Личный кабинет» бо нишонии http://agent.mail.ru/phonecalls/cabinet/ дохил шуда, логин ва рамзро, чӣ тавре ки дар Расми 1 нишон дода шудааст, ворид менамоем.
Баъд аз ворид намудани логин ва рамз ба «Личный кабинет» ворид шуда, бахши «Настройки Агента» ва «Добавить номер телефона»-ро интихоб мекунем. (Расми 2)
Дар идома, мамлакатро интихоб карда, рақами телефони худро ворид месозем. (Расми 3)
Баъд аз интихоби мамлакат ва ворид намудани рақами телефон «Сохранить»-ро пахш мекунем (Расми 4)
Рақамро ҳифз карда, ишораҳои мутобиқро вобаста ба Расми 5 қайд намуда, ҳамаи тағйиротро ҳифз мекунем.
Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: 918 61-61-61 занг занед.
Бозпас ба рӯйхат