«Вавилон-М» дар мусобиқаи мини-футбол «Ҷоми шаҳрдори Душанбе»-ро ба даст овард.
26 июн дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бозии ниҳоии мусобиқаи кушоди футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе», ки ба Рӯзи ҷаҳонии футбол ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ бахшида шуда буд, баргузор гардид.
Мусобиқа аз 16 май то 26 июн идома ёфта, 40 даста аз вазоратҳо, кумитаҳо, идораҳо, муассисаҳои давлатӣ, бонкҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои кишварро муттаҳид намуд.
Дар роҳи расидан ба финал дастаи «Вавилон-М» бозии хубу боварибахш нишон дода, дастаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҳисоби 7:1, дастаи КДАМ-ро низ бо ҳисоби 7:1 мағлуб намуд. Дар бозии чорякниҳоӣ бошад, «Вавилон-М» дастаи Бонки миллии Тоҷикистонро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод.
Дар даври ниманиҳоӣ рақиби «Вавилон-М» дастаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт ва дар силсилаи зарбаҳои пеналтӣ дастаи «Вавилон-М» бо ҳисоби 5:4 пирӯз гардид.
Дар бозии финалӣ дастаи «Вавилон-М» бо дастаи «СРИЧ» (УИД) рақобат намуда, бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард ва соҳиби «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» гардид.
Дар анҷоми мусобиқа, дар фазои тантанавӣ, муовини президенти Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон Искандар Ҷалилов «Ҷоми шаҳри Душанбе»-ро ба дастаи «Вавилон-М» супорид. Дар маросими ҷоизасупорӣ инчунин намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ҳамасола ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе чорабиниҳои бузурги варзишӣ баргузор мегарданд, ки яке аз онҳо мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе мебошад. Ин мусобиқа даҳҳо дастаҳои ҳаводорро аз мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои кишвар муттаҳид месозад.
Баргузории чунин мусобиқаҳои сатҳи баланд аз рушди мунтазами футбол дар кишвар таҳти роҳбарии президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шаҳодат медиҳад.
Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо ташаббуси Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таъсис дода шудааст, далели таваҷҷуҳи хос ба рушди варзиш ва тарғиби футбол мебошад.
Дастаи «Вавилон-М»-ро бо ин пирӯзии арзанда самимона табрик гуфта, барояшон дар мусобиқаҳои оянда комёбиҳои нав орзу менамоем!
Бозпас ба рӯйхат


