Маросими тантанавӣ бахшида ба оғози фаъолияти расмии ширкати Nokia дар бозори телекоммуникатсияи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Гурӯҳи ширкатҳои «Вавилон»

Рӯзи 23-юми май дар меҳмонхонаи «Serena Hotel» маросими ботантана бахшида ба оғози фаъолияти расмии ширкати Nokia дар бозори телекоммуникатсияи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Гурӯҳи ширкатҳои «Вавилон» баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва доираҳои соҳибкорӣ иштирок намуданд.

Дар байни меҳмонони фахрӣ Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Саъдуллозода, ноиби президенти Nokia Питер Вуковитс, директори минтақавии Nokia дар Украина, Осиёи Марказӣ ва ҳавзаи Каспий Евгений Баличев, роҳбари минтақавӣ дар Авруосиё Александр Шунин ва роҳбари Nokia дар Ӯзбекистон Павел Родионов ҳузур доштанд. Инчунин, намояндагони ширкатҳои телекоммуникатсионӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, бонкҳо, воситаҳои ахбори омма ва даҳҳо меҳмонони дигар иштирок карданд.

Image 1 Image 2 Image 3 Image 4
Image 5 Image 6 Image 7

Чорабиниро Раиси Шӯрои директорони Гурӯҳи ширкатҳои «Вавилон» Беҳзод Файзуллоев оғоз намуда, иштирокдоронро хайрамақдам гуфт. Вай қайд кард: «Имрӯз барои ширкати мо ва тамоми соҳаи телекоммуникатсияи Тоҷикистон рӯзи таърихӣ аст. Мо оғози ҳамкориро бо яке аз пешвоёни ҷаҳонии соҳаи телекоммуникатсия — ширкати Nokia расман эълон менамоем».

Мавсуф таъкид дошт, ки ин шарикии стратегӣ дар партави сиёсати давлатӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар заминаи эълон гардидани солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» амалӣ мегардад.

Дар доираи ин ҳамкорӣ нақша дошта шудааст, ки рақамикунонии иқтисоди кишвар суръат бахшида шуда, технологияҳои муосири алоқа — аз ҷумла шабакаҳои 5G ҷорӣ гарданд ва ба аҳолӣ хизматрасониҳои босифату рақобатпазир пешниҳод карда шаванд.

Бо сухани табрикотӣ Сардори Хадамоти алоқа Исфандиёр Саъдуллозода баромад намуда, ворид шудани Nokia-ро ба Тоҷикистон қадами ҷиддӣ ба пеш ва оғози саҳифаи нав дар таърихи соҳаи алоқаи ватанӣ номид.

Ноиби президенти Nokia Питер Вуковитс оғози фаъолияти ширкатро дар Тоҷикистон расман эълон карда, ин рӯзро таърихӣ хонд. Намояндагони ширкат инчунин дар бораи имкониятҳо ва нақшаҳои Nokia дар минтақа муаррифии муфассал пешниҳод намуданд.

Маросим бо фуршет барои меҳмонон ба анҷом расид.

Гурӯҳи ширкатҳои «Вавилон» итминон дорад, ки ҳамкорӣ бо ширкати Nokia барои ҷорӣ кардани технологияҳои пешрафта дар кишвар заминаи мустаҳкам гузошта, барои ҷомеа ва тиҷорат имкониятҳои нав фароҳам меорад.


Бозпас ба рӯйхат