24 март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мусобиқаи анъанавии кӯдакона оид ба мини-футбол «Ҷоми Вавилон – Наврӯз 2026», бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, оғоз мегардад.
Дар мусобиқа футболбозони наврас дар гурӯҳҳои синнусолии соли таваллудашон 2013, 2014–2015 ва 2016–2017 иштирок мекунанд. Имсол барои ба даст овардани ҷоми фахрӣ 8 даста рақобат менамоянд.
Дар мусобиқа дастаҳои зерин иштирок доранд:
- ДФ «Вавилон-М»
- ДФ «Вавилон-Т»
- ДФ «Ҳосилот Фархор»
- ДФ «Истиқлол»
- ДФ «Легенда 17»
- ДФ «Шоколатье»
- ММВЗ
- ДФ «Спартак»
Бозиҳои мусобиқа аз 24 то 28 март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.
Мусобиқаи «Ҷоми Вавилон – Наврӯз» аллакай ба як анъанаи нек табдил ёфта, ҳамасола футболбозони ҷавони боистеъдодро гирд меорад ва ба онҳо имконият медиҳад, ки маҳорати худро нишон диҳанд, таҷрибаи мусобиқаӣ андӯзанд ва ба сӯи дастовардҳои бузурги варзишӣ як қадами дигар гузоранд.
Пешорӯи тамошобинон бозиҳои ҷолибу пуршиддат интизоранд ва номи соҳиби «Ҷоми Вавилон – Наврӯз 2026» пас аз анҷоми бозиҳои финалӣ маълум хоҳад шуд.
Бозпас ба рӯйхат


