МУҲИМ!!!

Муштариёни муҳтарам!

Ҳолатҳои қаллобӣ зиёд шуда истодаанд: шахсони номаълум бо шумо тамос мегиранд, худро кормандони ширкати «Вавилон-Мобайл» муаррифӣ намуда, хизматҳои шубҳанок пешниҳод мекунанд ё маълумоти махфии шуморо талаб менамоянд. Таваҷҷӯҳ намоед, ки чунин зангҳо ҳеҷ муносибат ба ширкати мо надоранд.

Ширкати мо ҳеҷ гоҳ ба муштариён занг зада, тавассути телефон маълумоти шахсии онҳоро, аз ҷумла серия ва рақами шиноснома, инчунин маълумоти бонкиро дархост намекунад.

Барои дақиқ кардани ҳар гуна маълумот тавсия медиҳем, ки ба Call-Center-и расмии ширкат бо рақамҳои 918 616161 ё 2006 тамос гиред.

Лутфан, ба истинодҳои шубҳанок нагузаред ва маълумоти шахсии худро ба касе нафиристед. Агар шумо саҳифаи қалбакӣ пайдо кунед ё кӯшиши фиребро мушоҳида намоед — ҳатман ба мо хабар диҳед.

Худро эҳтиёт намоед ва маълумотро танҳо аз манбаъҳои расмӣ санҷед!


Бозпас ба рӯйхат