Имрӯз, 25 май, Варзишгоҳи марказии Душанбе мизбони ҷашнвораи футболи оммавӣ шуд!

Бо ибтикори Рустами Эмомалӣ ва дастгирии СММ — ҷашни футбол барои 700 нафар иштирокчӣ, садҳо кӯдак ва 20 ҳазор тамошобин баргузор гардид!
Барномаи шавқовар, бозиҳои кӯдакона, меҳмонони фахрӣ ва фазои пур аз муҳаббати футбол!
Дастаҳои кӯдакона аз тамоми гӯшаву канори пойтахт ширкат варзиданд, аз ҷумла дастаи кӯдаконаи тими “Вавилон”!

Мо ифтихор мекунем, ки фарзандони мо дар чунин чорабиниҳои миллӣ ва сатҳи ҷаҳонӣ иштирок мекунанд!
Бозпас ба рӯйхат