Бо камоли ифтихор хабар медиҳем, ки дастаи футболи кӯдаконаи «Вавилон» бомуваффақият ба шаҳри Қазон (Федератсияи Русия) расидааст, то дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Шарқ», ки аз 14 то 17 май дар урдугоҳи «Гвардияи ҷавон» баргузор мешавад, иштирок намояд.

Дар мусобиқа футболбозони наврас аз Тоҷикистон, Умон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия ва Озарбойҷон ширкат меварзанд.

Ширкати ҶСП «Вавилон-Мобайл» бо ифтихор чунин иқдомҳоро, ки ба рушди варзиши наврасон ва ҳамкории байналмилалӣ равона шудаанд, дастгирӣ менамояд.

Ба дастаи мо орзумандем, ки баромади шоиста, эҳсосоти фараҳбахш ва ғалабаҳои дурахшон дошта бошанд!
Бозпас ба рӯйхат