Дастаи "Шуъбаи ҳуқуқ" - ғолиби ҷоми “Вавилон”

Гурӯҳи ширкати "Вавилон" Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-апрели соли 2014 №184 - ро дар бораи рушди футбол сармашқи кори худ қарор дода, дар рушди футболи на танҳо ширкат, балки ҷумҳурӣ низ саҳми бевоситаи худро мегузорад.

Бояд ёдовар шуд, ки дар ширкати “Вавилон” дастаҳои зиёди футбол амал мекунанд, ки онҳо дар давраҳои гуногун миёни ҳам қувваозмоӣ намуда, малакаи бозии дастаҳоро баланд мебардоранд ва таҷрибаи худро сайқал медиҳанд. Дар баробари ин ҶСП «Вавилон-Мобайл»дорои дастаи футболи худ буда, дастаи мо дар мусобиқаҳои гуногун ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ба даст овардааст, ки ҳавсмандкунии ҳайати даста низ пайваста сурат мегирад.

Яке аз сабабҳои рушди футбол дар ширкат ва ишғоли ҷойҳои намоён дар мусобиқаҳои гуногун дар он аст, ки роҳбарияти ширкат ба рушди футбол таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунанд ва бозингаронро пайваста дастгирӣ менамоянд.

Боварии комил дорем, ки дар оянда низ бозингарони дастаи “Вавилон”дар бозиҳо ва мусобиқаҳо маҳорати хуб нишон дода, бозиҳои рангину шавқоварро пешкаши тамошобинон мегардонанд.

Чанде пеш бахшида ба ҷашни наврӯзи оламафрӯз мусобиқаи футбол байни дастаҳои шӯъбаҳои ширкат баргузор гардид. 26 -уми март дар мусобиқаи Ҷоми «Вавилон» дастаҳои «Шӯъбаи ҳуқуқ» ва «Шӯъбаи муштариёни ВМ» миёни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар натиҷаи рақобати сахт ва бозии хубу шавқовар дастаи «Шӯъбаи ҳуқуқ» бо ҳисоби 5 бар 2 ғолиб омад.

Ҷойи 2 – умро дастаи «Шуъбаи муштариен»
Ҷойи 3 – умро дастаи «Департаменти автоматикунонӣ» ишғол намуданд.

Дар ҷамъбасти бозӣ ба ғолибон тӯҳфаҳои хотирмон супорида шуданд ва беҳтаринҳо бо мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд:
Беҳтарин бозингари мусобиқа - Алишер Улмасов
Беҳтарин муҳофиз - Хоҷаев Зокирҷон
Беҳтарин дарвозабон - Сангинов Далер
Беҳтарин бомбардир - Камолов Миршариф.

Мо бо ифтихор дастаи «Шӯъбаи Ҳуқуқ»-ро бо ғалаби арзанда табрик гуфта, таманно мекунем, ки дар оянда низ дар бозиҳо ва мусобиқаҳо маҳорати хуб нишон дода, бозиҳои рангину шавқоварро пешкаши мо мегардонанд.


Бозпас ба рӯйхат