SM$-Маблағ
Хизматрасонии "SM$-Маблағ" барои муштариён имкони интиқоли маблағро аз як суратҳисоб ба дигар суратҳисоб бо ёрии SMS медиҳад.
Муштариён мустақилона метавонанд қисми маблағро аз суратҳисобашон ба дигар суратҳисоби муштарӣ гузаронанд.
Аввалан ба Шумо зарур аст, ки рамзи ИСУУ-ро муқаррар кунед.
Барои муқаррар кардани рамз, Шумо бояд USSD фармоиши зеринро, яъне *2004 #3*«pin1»*«рамз»*#, ки дар он рамз рақамхои минбаъда сабт аст, равона кардан лозим аст.
Интиқол бо тарзи зерин иҷро мешавад: Ба рақами 2005 бо матни зерин SMS хабар равона кунед: <рамз>
<рақами муштарӣ> маблағ дар в.ш параметрҳо бо як ҷои холӣ мондан ҷудо карда мешаванд.
Интиқоли маблағ, ҳангоми мусбӣ будани суратҳисоб, ки беш аз 3 в.ш. бошад, имкон дорад.
Маблағи максималии интиқол 20 в.ш. мебошад.
Боқимондаи маблағ дар суратҳисоб баъди интиқол на кам аз 1 в.ш.бошад.
Арзиши хизматрасонии мазкур барои интикол 0,024 в.ш. бо назардошти аксиз(3%) ва ААИ(18%) аст.
Инчунин Шумо метавонед маблағро аз як суратҳисоб ба дигар суратҳисоби муштарӣ бо ёрии ИСУУ интиқол намоед.
(Интернет Системаи Идоракунии Хизматрасониҳо).
Барои ин ба саҳифаи http://iscs.babilon-m.com даромада, рақами телефон ва рамзи ИСУУ-ро ворид намудан лозим аст.
Моддаи «Интиқоли маблағ»-ро интихоб кунед.
Ҳангоми интиқоли маблағ таввасути ИСУУ ҳамон қоидаҳои интиқол таввасути SMS амал мекунанд.
Ба дӯстат дар мушкилӣ кӯмак расон!
|